Ҳомиёни ҳуқуқ: Раъйпурсӣ оид ба бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон зарур нест

Зимни як вохӯрӣ дар мавзӯи «Аз моратория ба бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо», ки рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, чунин изҳори назар карда шуд, ки баргузор кардани раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон дар мавриди бекор кардани ҳукми қатл мувофиқи мақсад нест. Аз ҷумла мушовири фонди ҷамъиятии «Нота Бене» Сергей […]

Бахтиёр Валиев


Зимни як вохӯрӣ дар мавзӯи «Аз моратория ба бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо», ки рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, чунин изҳори назар карда шуд, ки баргузор кардани раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон дар мавриди бекор кардани ҳукми қатл мувофиқи мақсад нест.

Аз ҷумла мушовири фонди ҷамъиятии «Нота Бене» Сергей Романов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки оид ба ин масъала фонд миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корпуси судӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ як назарсанҷӣ доир сохтааст. «Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки 62 дарсади пурсидашудагон ба ҷонибдории бекор сохтани ҳукми қатл, 31 дарсад ба ҷонибдории боқӣ мондани ин нгавъи ҷазо изҳори назар карда, 7 дарсади боқимонда мавқеи худро муайн карда натавонистанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода, моҳи апрели соли 2010 дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии бекор сохтани ҳукми қатл дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ соли 2012 то аввали соли 2013 фаъолият намуда, сипас пешниҳодоти худро ба президенти ҷумҳурӣ пешкаш мекунад.

Ализода ҳамчунин хотиррасон намуд, ки моҳи июни соли 2004 Қонуни ҶТ «Дар бораи боздошти истифодаи ҳукми қатл» ба тасвиб расид. Минбаъд ҳамчун алтернатива ба ҳукми қатл ба Кодекси ҷиноии ҶТ ҷазо дар шакли ҳабси абад ворид карда шуд.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ташаббус ва маблағгузории созмони Ислоҳоти байнулмилалии зиндонҳо (PRI), Институти Ҷомеаи кушода – Фонди мусоидати Тоҷикистон ва ҳукумати Швейтсария созмон дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.