Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти як гурӯҳеро, ки дар қаламрави вилоят ба қочоқи маводи мухаддири тавлиди Афғонистон машғул буданд, пешгирӣ намуданд.
Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, 26 январи соли 2012 дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми хариду фурӯши бештар аз ду кило каннабис, шаҳрвандони 43 ва 49 сола аз ҷумлаи сокинони ин шаҳр дастгир гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми роҳандозии чорабиниҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки онҳо маводи мухаддирро аз сокини ноҳияи Ашт дарёфт кардаанд. Бо мақсади пайдо кардани маводи мухаддир кормандони Раёсат чораҳои иловагӣ андешида, дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш бештар аз як кило каннабисро ошкор ва мусодира карданд. Ин миқдор маводро вай барои фурӯш омода карда буд.
Ҳаҷми умумии мухаддироти аз ин гурӯҳҳо мусодирашуда қариб 4 килоро ташкил дод.
Аз рӯи ин ҳодиса кормандони Шӯъбаи тафтишотии АНМН парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.
Зимнан зикр гардид, ки се нафари дастгиршудагон дар айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд нигоҳ дошта мешаванд. Тафтиши ҷинояти мазкур идома дорад.


