Боришоти барф ба фаъолияти фурудгоҳ монеа эҷод намесозад

Боришоти барф ба фаъолияти фурудгоҳи пойтахт монеа эҷод намесозад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, аз боришоти барф хадамоти техникии фурудгоҳ пешакӣ огоҳ гардида буд. «Айни замон фурудгоҳ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, мушкилоти парвозу фуруд омадани ҳавопаймоҳо вуҷуд надорад», – гуфт манбаъ. Бино ба иттилои манбаъ,  кормандони хадамоти дахлдори […]

ASIA-Plus


Боришоти барф ба фаъолияти фурудгоҳи пойтахт монеа эҷод намесозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, аз боришоти барф хадамоти техникии фурудгоҳ пешакӣ огоҳ гардида буд.

«Айни замон фурудгоҳ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, мушкилоти парвозу фуруд омадани ҳавопаймоҳо вуҷуд надорад», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ,  кормандони хадамоти дахлдори фурудгоҳ тамоми техникаи зарурӣ ва реагентҳои зиддияхбандиро пешакӣ омода кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи сипаришуда бинобар сабаби фазои пойтахтро фаро гирифтани тумани ғализ, фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Санкт-Петербургу Маскавро қабул карда натавониста буд. Ин ҳавопаймоҳо барои фуруд омадан ба майдони ҳавоии шаҳри Хуҷанд фиристода шуда буданд.

Ғайр аз ин, ба иллати тумани ғализ ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Истамбул ва Душанбе-Маскав низ мавқуф гузошта шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.