Хатлон: Парлумон бояд қонун дар бораи пешгирии фоҳишагариро қабул намояд

Сардори шӯъбаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдаки дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Майрамбӣ Ғафурова мутмаин аст, ки парлумони Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар қонун дар бораи пешгирии фоҳишагариро қабул намояд. Ба қавли вай, зимни рейди муштарак бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба дискотекаҳои «Дурахшон», «День и ночь» ва «Белый конь»-и шаҳри Қӯрғонтеппа онҳо шоҳиди он гаштаанд, ки чӣ гуна […]

Сайраҳмон Назриев


Сардори шӯъбаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдаки дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Майрамбӣ Ғафурова мутмаин аст, ки парлумони Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар қонун дар бораи пешгирии фоҳишагариро қабул намояд.

Ба қавли вай, зимни рейди муштарак бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба дискотекаҳои «Дурахшон», «День и ночь» ва «Белый конь»-и шаҳри Қӯрғонтеппа онҳо шоҳиди он гаштаанд, ки чӣ гуна духтарони ҷавон ба ин ҷойҳо барои «коркунӣ» меоянд.

«Дар ҷараёни рейд мо 26 нафар духтарони ҷавони синнусоли аз 19 то 26-соларо ба ШКД овардем. Аксари онҳо аз шавҳаронашон ҷудо шуда, кӯдакони хурдсол доранд ва онҳоро танҳо дар хона гузошта, ба «кор» баромадаанд. Онҳо ҷойи кори мушаххас ва касби муайяне надоранд», – гуфт ӯ.

Номбурда зикр кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Қӯрғонтеппаро мебояд фаъолияти марказҳои фароғатиро мавриди санҷиш қарор диҳанд. «Мо бо чунин пешниҳод ба мақомоти раҳбарии вилоят муроҷиат намудем», – афзуд М.Ғафурова.

Қобили зикр аст, ки баъди чанде ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардида, дар он ҳисоботи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа баррасӣ мешавад. Гуфта мешавад, масълаи дар боло зикршуда низ ба рӯзномаи ин ҷаласа ворид шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.