Даъвати намояндагони Бразилия, Қувайт ва Қатар ба конфронси RECCA-V

Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Бразилия дар Тоҷикистон (иқоматгоҳ дар Исломобод) Алфредо Леони мулоқот намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат Сафири Тоҷикистон З. Зубайдов қайд сохт, ки сатҳи робитаҳо миёни Тоҷикистону Бразилия ниёз ба рушду тавсеа дорад […]

ASIA-Plus


Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Бразилия дар Тоҷикистон (иқоматгоҳ дар Исломобод) Алфредо Леони мулоқот намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат Сафири Тоҷикистон З. Зубайдов қайд сохт, ки сатҳи робитаҳо миёни Тоҷикистону Бразилия ниёз ба рушду тавсеа дорад ва ҷонибҳо дар ин ҷода бояд саъю кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Ба сифати қадами аввали ба роҳ мондани ҳамкориҳо ташрифи Вазири корҳои хориҷии Бразилия дар вақти ба ӯ муносиб ба Тоҷикистон ва боздиди гурӯҳи тоҷирони бразилиявӣ аз ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Вобаста ба Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе баргузор хоҳад гашт, Сафири Бразилия тазаккур дод, ки кишвараш омода аст дар ин ҳамоиши байналмилалӣ иштирок намояд. Ӯ инчунин иброз дошт, ки Бразилия барои тақвият бахшидани муносибатҳо бо Тоҷикистон манфиатдор мебошад.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот бо Сафири Қувайт дар Тоҷикистон Наваф Абдул Азиз Аланазӣ (бо иқомат дар Покистон) масъалаҳои дуҷониба ва натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қувайт, ки рӯзи 2 феврали соли 2012 доир шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дипломати тоҷик муҷаддадан аҳамияти иштироки ҳайати Қувайтро дар Конфронси RECCA-V таъкид намуд. Ӯ иттилоъ дод, ки дар доираи Конфронс симпозиуми илмӣ низ барпо мегардад ва дар он иштироки як нафар мутахассис аз Қувайт зарур мебошад.

Зикр гардид, ки ҳамчунин мулоқоти роҳбари намояндагии дипломатии кишвар дар Покистон бо Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Саяр Абдул Раҳман ал-Мавдаҳ (бо иқомат дар Покистон) баргузор гардид, ки мавзӯи меҳварии он аз муносибатҳои дуҷониба ва иштироки ҳайати Қатар дар Конфронси RECCA-V иборат буд.

 Ҷониби Қатар изҳор намуд, ки ҳайати воломақоми Қатар дар ин Конфронс ва як нафар мутахассис низ дар симпозиуми илмӣ ширкат хоҳанд варзид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.