СММ ба Тоҷикистон таҷҳизоти мубориза бо малах тақдим кард

Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах»-и Тоҷикистон таҷҳизоти мубориза бар зидди малах тақдим кард. Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кӯмаки мазкур дар доираи барномаи минтақавии «Мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар соли 2012» дастрас шудааст. Бино […]

Пайрав Чоршанбиев


Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах»-и Тоҷикистон таҷҳизоти мубориза бар зидди малах тақдим кард.

Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кӯмаки мазкур дар доираи барномаи минтақавии «Мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар соли 2012» дастрас шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ба корхона як дастгоҳи алоқаи моҳвораӣ, панҷ адад дастгоҳи низоми моҳвораии навигатсия (GPS), 20 адад дорупошакҳои дастии «Улва», панҷ адад дорупошакҳои АИ-800, як дорупошаки АИ-8115 ва се ҷуфт таҷҳизот барои назорату мушоҳида тақдим шуд. «Таҷҳизоти дастрасшуда ба манотиқе, ки бештар ба ҳуҷуми малах осебпазиранд, фиристода мешавад», – гуфтанд дар вазорати кишоварзӣ.

Зикр гардид, ки таҷҳизоти мазкур ба фермерон дар саривақт андешидани чораҳо зидди ҳуҷуми малах кӯмак хоҳад расонид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.