Бозии футболи Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ мусовӣ анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд бозии даври 6-уми мусобиқоти интихобии Чемпионати ҷаҳон-2014 миёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ мусовӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Голҳо дар қисми дуюми бозӣ зада шуданд. Варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд аз мухлисон пур буд. Дар дақиқаи 54-уми бозӣ бозигари дастаи Тоҷикистон Фарҳод Восиев ба иштибоҳ роҳ дода, ба дарвозаи […]

Игор Лекаркин


Дар шаҳри Хуҷанд бозии даври 6-уми мусобиқоти интихобии Чемпионати ҷаҳон-2014 миёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ мусовӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт.

Голҳо дар қисми дуюми бозӣ зада шуданд. Варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд аз мухлисон пур буд.

Дар дақиқаи 54-уми бозӣ бозигари дастаи Тоҷикистон Фарҳод Восиев ба иштибоҳ роҳ дода, ба дарвозаи Тоҷикистон тӯби ҷаримавии 11-метра таъин гардид. Футболбози кореягӣ Сонг Хок онро ба самар расонид.

Дар дақиқаи 62-юм ба футболбози дастаи Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Дар дақиқаи 73-юм футболбози тоҷик Фатҳулло Фатҳуллоев аз лаҳзаи қулайи голзанӣ истифода бурда натавонист.

Пас аз анҷоми бозӣ миёни мухлисон аз рӯйи билетҳои воридшавӣ бозии лотерея гузаронида шуд. Ҷоизаи асосӣ дар бозии лотерея автомашинаи ВАЗ-2115 аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.