Вазири рушди иқтисоди Озарбойҷон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Чанде қабл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоевро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ аз баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон таъкид […]

ASIA-Plus


Чанде қабл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоевро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ аз баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони ду кишвар барои густариши робитаҳои судбахш бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Ҳавасмандии ҳарду кишвар ба рушди ҳамгироии сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, туризм ва ғайра таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои нақлиётӣ барои афзун намудани ҳаҷми боркашониҳо ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвар зоҳир карда шуд.

 Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.