Мусоидати Хадамоти муҳоҷират ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирон

Date:


Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба ҳавзаи федералии Урал сафар карданд.

Тавре аз намояндагии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни сафар аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар ин ҳавза кору зиндагӣ мекунанд, як қатор арзу шикоят оид ба поймол кардани ҳуқуқи онҳо ба меҳнат қабул карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз аризаи шаҳрванди Тоҷикистон Темур Зайниддинов, ки дар ҶСР «Уралтяжтрубстрой»-и шаҳри Первоуралск кор мекардааст, маълум шудааст, ки ба ӯ музди меҳнати коркардааш дар ҳаҷми ҳудуди 300 ҳазор рублро пардохт накардаанд. «Пас аз гуфтушунид бо сардори шӯъбаи ҳуқуқии корхонаи мазкур маблағи мазкур пурра ба шаҳрванди Тоҷикистон пардохт карда шуд», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Зикр гардид, ки шаҳрванди Тоҷикистон Азизмурод Самиев, ки дар ҶДММ «Металлокомплекс»-и шаҳри Екатеринбург фаъолият доштааст, низ музди меҳнати чандмоҳаи худро гирифта натавонистааст. «Дар натиҷаи муроҷиати корманди намояндагӣ ба мақомоти раҳбарии корхона, қисмате аз маблағи қарздорӣ аз музди меҳнат ба Самиев пардохт шуда, маблағи боқимонда низ рӯзҳои наздик ҳисоббаробарӣ карда мешавад», – афзуд манбаъ. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...