Боздиди ҳайати вилояти Олтой аз Тоҷикистон

Date:


Аз 12 то 18-уми марти соли равон як ҳайати вилояти Олтойи Русия таҳти сарварии муовини губернатори вилоят Борис Ларин аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Олтой, ба ҳайат кормандони мақомоти иҷроия ва қонунгузории ҳукумати вилоят, Палатаи савдо ва саноат, намояндагони як қатор корхонаҳои саноатӣ, мақомоти раҳбарии Донишгоҳи давлатии техникии Олтой ва адибони вилоят шомиланд.

Интизор меравад, ки ҳайати мазкур аз шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд боздид намуда, бо намояндагони мақомоти иҷроия ва доираҳои тиҷоратии ин манотиқ гуфтушунид хоҳад кард. Дар гуфтушунидҳо масоили ҳамкории мутақобилаи байниминтақавӣ дар бахшҳои саноат, савдо, кишоварзӣ, энергетика, коммуникатсия, итттиллот ва соҳаи гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ғайр аз ин, мулоқоти ҳайат бо намояндагони сафорат ва Палатаи савдои Русия дар Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар назар буда, ҳайат бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ шинос хоҳад шуд.

Сафари мазкур дар доираи амалисозии Меморандум оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ миёни ҳукумати вилояти Олтой ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғд сурат мегирад.

Гуфта мешавад, моҳи апрели соли 2011 як ҳайати ҳукумати вилояти Хатлон бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳои мавҷуда ва роҳандозии робитаҳои нав дар бахшҳои маориф ва табодули таҷриба дар соҳаи энергетика ба вилояти Олтой сафар карда буд. Аз рӯйи натиҷаҳои ин сафар миёни Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати вилояти Олтой оид ба таъмини робитаҳои байнулмилалӣ ва байниминтақавӣ Ёддошти рушди ҳамкориҳо ба имзо расид.

Дар ҷараёни сафари зикршуда ҳайати вилояти Хатлон ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии Донишгоҳи давлатии техникии Олтой гуфтушунид анҷом дода, оид ба ҳамкорӣ миёни донишгоҳи мазкур ва Донишкадаи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа шартнома ба тасвиб расонид. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии техникии Олтой дар асоси буҷетӣ ва шартномавӣ 15 нафар донишҷӯёни Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...