Оғози машғулиятҳои баъдидарсии ҷавонон аз ҷониби USAID

Оҷонсии  ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Каунтерпарт Интернэшнл  силсилаи  аввалини машғулиятҳои баъдидарсиро барои ҷавонон дар доираи Барномаи ҷавонони пешсаф дар водиҳои Зарафшон, Рашт ва ВМКБ оғоз намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барнома дар ҳамкории зич бо мақомотҳои давлатӣ, мактабҳо, волидайн ва роҳбарони ҷамоатҳо дар минтақаҳои интихобгардида бо […]

ASIA-Plus


Оҷонсии  ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Каунтерпарт Интернэшнл  силсилаи  аввалини машғулиятҳои баъдидарсиро барои ҷавонон дар доираи Барномаи ҷавонони пешсаф дар водиҳои Зарафшон, Рашт ва ВМКБ оғоз намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барнома дар ҳамкории зич бо мақомотҳои давлатӣ, мактабҳо, волидайн ва роҳбарони ҷамоатҳо дар минтақаҳои интихобгардида бо мақсади пешниҳоди машғулиятҳои баъдидарсии мувофиқи  шавқу завқ ва талаботҳои ҷавонон дар маҳалҳои ҷудогона амалӣ мегарданд. Машғулиятҳои мазкур барои беҳтар намудани рафтор ва муносибати нек дар ҷавонон равона шуда, ба онҳо барои бурдани фаъолияти бунёдкорӣ дар вақтҳои берун аз мактаб имконият фароҳам меоварад.  Машғулиятҳо омӯзишҳои синфӣ оид ба баланд бардоштани малакаи рохбарӣ ва машғулиятҳои  беруназсинфӣ ба монанди варзиш, драма ва санъатро дарбар мегиранд.

Барномаи ҷавонони пешсаф соли 2011 ҷиҳати мусоидат намудан ба худифодакунии ҷавонон ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа худ тавассути тарбия намудани малакаю маҳорати  роҳбарӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва маҳорати ифтихорӣ пиёда гардидааст. Каунтерпарт Интернэшнл лоиҳаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии    назди   Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва мақомотҳои давлатии маҳаллӣ амалӣ мекунад. Лоиҳа дар нўҳ ҷамоатҳои минтақаҳои интихобшуда фаъолият мекунад.

Лоиҳаи USAID “Барномаи ҷавонони пешсаф” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмаки мардуми Амрико мебошад, ки тавассути USAID ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе аз соли 1992 инҷониб тақрибан 984 милион долларро барои амалӣ гардонидани барномаҳо оид ба дастгирии амният, рушди институтҳои демократӣ, соҳаи иҷттимоӣ ва иқтисод дар Тоҷикистон сарф намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.