Имзои фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ»-ро ба имзо расонид. Мутобиқи фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2012 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1985-1994 ба хизмати ҳарбӣ»-ро ба имзо расонид.

Мутобиқи фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2012 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, тибқи фармони мазкур, моҳҳои апрел-майи соли 2012 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.

Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раисони шаҳру ноҳия масъуланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.