Кормандони Хадамоти гумруки вилояти Суғд аз кӯшиши қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки вилояти Суғд хабар доданд, сокини ноҳияи Исфара беш аз 15 кило маводи сахттаъсири героинро ба вилояти Свердловски Русия интиқол доданӣ буд.
«Ҳангоми бор кардани бор ба вагонҳо дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд кормандони хадамоти гумрук дар дохили 22 халтаи хушкмева 15 килову 165 грамм маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира карданд», – гуфтанд дар раёсат.
Ба иитилои манбаъ, халтаҳои хушкмева ба сокини 36-солаи ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара Х.К. тааллуқ дошта, айни замон ҷиҳати боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд.
«Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаҳои 289, қ. 2 (Қочоқ, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани воситаҳои нашъадор) ва 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд», – афзуд манбаъ.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар зарфи 2 моҳи соли равон аз ҷониби тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 93 кило (ҳамин давраи соли 2011 – 86 кило) маводи мухаддир мусодира шудааст, ки зиёда аз 11 килои он героин ва боқимондаро ҳашиш ташкил медиҳад.



