Суғд: Ҷилавгирӣ аз интиқоли миқдори зиёди героин дар хушкмева

Кормандони Хадамоти гумруки вилояти Суғд аз кӯшиши қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки вилояти Суғд хабар доданд, сокини ноҳияи Исфара беш аз 15 кило маводи сахттаъсири героинро ба вилояти Свердловски Русия интиқол доданӣ буд. «Ҳангоми бор кардани бор ба вагонҳо дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд […]

Мавлуда Рафиева


Кормандони Хадамоти гумруки вилояти Суғд аз кӯшиши қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки вилояти Суғд хабар доданд, сокини ноҳияи Исфара беш аз 15 кило маводи сахттаъсири героинро ба вилояти Свердловски Русия интиқол доданӣ буд.

«Ҳангоми бор кардани бор ба вагонҳо дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд кормандони хадамоти гумрук дар дохили 22 халтаи хушкмева 15 килову 165 грамм маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира карданд», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иитилои манбаъ, халтаҳои хушкмева ба сокини 36-солаи ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара Х.К. тааллуқ дошта, айни замон ҷиҳати боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд.

«Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаҳои 289, қ. 2 (Қочоқ, аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани  воситаҳои нашъадор) ва 200, қ. 4 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд», – афзуд манбаъ.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар зарфи 2 моҳи соли равон аз ҷониби тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 93 кило (ҳамин давраи соли 2011 – 86 кило) маводи мухаддир мусодира шудааст, ки зиёда аз 11 килои он героин ва боқимондаро ҳашиш ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.