Зарурати ташкили рӯйхати ягонаи интихобкунандагони ҷумҳурӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ва Дафтари САҲА дар ҶТ таҳти унвони «Аҳолӣ, бақайдгирии интихобкунандагон ва асосҳои ҳуқуқии низоми интихоботӣ» мизи гирд доир намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР хабар дод, дар кори мизи гирд ба ҷуз […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ва Дафтари САҲА дар ҶТ таҳти унвони «Аҳолӣ, бақайдгирии интихобкунандагон ва асосҳои ҳуқуқии низоми интихоботӣ» мизи гирд доир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР хабар дод, дар кори мизи гирд ба ҷуз афроди мансабдори масъул, ҳамчунин кормандони ВКД, Вазорати адлия, Агентии омори ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ раиси КМИР-и Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зикр кард, ки ташкили рӯйхати ягонаи интихобкунандагон дар саросари ҷумҳурӣ зарур аст.

Ш.Шоҳиён ҳамчунин ба ҷонибдории мунтазам баргузор намудани ба ин монанд чорабиниҳо бо мақсади огаҳии бештари шаҳрвандон аз вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ изҳори ақида кард.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни кори мизи гирд ҳамчунин масоили асосҳои омодасозии рӯйхати ягонаи мутамаркази интихобкунандагон дар Тоҷикистон, истифодаи заминаи ҳуқуқии интихобот дар фаъолият ва тавсияҳои Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон низ баррасӣ шуданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.