Соҳиби хонаҳои хизматӣ шудани беш аз 350 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ

Дар арафаи ҷашни пурифтихори Наврӯзӣ оламофрӯз бо ғамхории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои зебои хизматӣ шуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон 4 бинои нави 9-ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Президенти кишвар калидҳоро ба қисмате аз соҳибони […]

ASIA-Plus


Дар арафаи ҷашни пурифтихори Наврӯзӣ оламофрӯз бо ғамхории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои зебои хизматӣ шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон 4 бинои нави 9-ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Президенти кишвар калидҳоро ба қисмате аз соҳибони хуштолеи ин хонаҳо тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯйдоди пурфараҳ дар рӯзгори оилавиашон табрику таҳният гуфт.

Тавре зикр гардид, дар ин ҷо 352 корманди сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашаовар ва ғайра соҳиби хонаҳои якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагию сеҳуҷрагӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва корҳои ороишу таҷҳизи биноҳои истиқоматӣ, аз ҷумла хонаҳои васею барҳавои онҳо, баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин тарзи кор ривоҷ дода шавад.

 Сарвари давлат зимни сӯҳбат бо ҷамъи соҳибони хонаҳои нав аз сохторҳои номбурда аз ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар шуда, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ва муҳимтар аз ҳама ба муомилаю муносибати хуб бо мардум ҳидоят намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.