Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзиро доир месозад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, чунин ярмаркаҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар гузаронида мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои истироҳати наздик дар бозорҳои «Панҷшер», «Ганҷина» ва «Саховат»-и шаҳри Душанбе фурӯши ниҳолҳои дорои сертификати сифат барпо мешавад.
Тибқи маълумоти КВД «Тоҷикниҳолпарвар», боғпарварони ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Бохтар навъҳои беҳтарини ниҳолҳои себ ва дигар дарахтони мевадорро пешкаш хоҳанд кард. Аз ҷониби хоҷагиҳои боғдории ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб ва Нуробод ниҳолҳои дарахтони ороишӣ пешниҳод мегарданд.
Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки имрӯз дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ярмарка-фурӯши ниҳолҳои дарахтон доир гардида, рӯзи 26-уми феврал чунин чорабинӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.