Соли равон дар вилояти Суғд ифтитоҳи ду корхонаи коркарди нафт дар назар аст. Онҳо ба коркарди нафте, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ истихроҷ мешавад, машғул хоҳанд шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои зикршуда, шумори корхонаҳои коркарди нафт дар вилояти Суғд ба се адад мерасад.
Айни замон дар вилояти Суғд танҳо корхонаи коркарди нафти «Шоҳон» фаъолият дорад, ки дар ноҳияи Конибодом ҷойгир аст. Соли гузашта ин корхона 292 тонна бензин, 1750 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 5250 тонна мазут истеҳсол кард. Айни замон корхона фаъолият намекунад. Сохтмони яке аз корхонаҳои коркарди нафти зикршударо моликони «Шоҳон шурӯъ менамоянд.
Корхонаи дигарро соҳибкорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз мекунанд. Тибқи маълумоти манбаи огаҳ, ин як корхонаи хурде хоҳад буд, ки дар як шабонарӯз то 2 тонна бензин истеҳсол хоҳад кард.