Мусодираи беш аз 13 кило ҳашиш дар ноҳияи Панҷ

Date:


Дар минтақаи ҷануби кишвар кормандони милиса миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи ВАЗ-21099 таҳти идораи сокини маҳаллӣ боздошт мегардад.

«Ҳангоми азназаргузаронии автомобил аз зери курсии ронанда як бастаи селлофанӣ пайдо гардида, аз дохили он ҳудуди 2,5 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни азназаргузаронии минбаъдаи манзили зисти ин шаҳрванд аз он ҷо боз ҳудуди 11 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зикр гардид, ки вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда 13,3 килоро ташкил дода, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва корҳои тафтишотӣ идома доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...