Сафири Ирландия дар САҲА натоиҷи RECCA-V-ро мусбат арзёбӣ кард

Date:


Зимни брифинг дар Душанбе сафири Ирландия дар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Филипп Мак Донах гуфт, натиҷаҳои Конфронси душанбегии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба мардуми афғон баҳри расидан ба сулҳу созиш имконоти нав фароҳам месозанд.

Ӯ аз номи кишвари Ирландия, ки айни замон раёсати САҲА-ро ба уҳда дорад, ба мақомоти Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ созмон додани конфронс изҳори миннатдорӣ намуд.

Ба андешаи ӯ, кишварҳои ҳамҷавор бо Афғонистон нисбат ба ояндаи ин кишвари азияткашида дидгоҳи умумӣ доранд. «Тайи якчанд соли наздик САҲА Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро дар тамоми самтҳое, ки фаъолият дорад, дастгирӣ хоҳад кард», – зикр кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) кори дурӯзаи худро ба анҷом расонид.

Дар кори конфронси мазкур ҳудуди 500 ҳайатҳои хориҷиву маҳаллӣ ва ҳамчунин созмонҳои минтақавиву байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ширкат варзиданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....