Салоҳияти беш аз 300 имомхатибон санҷида мешавад

Date:


Нимаи дуюми моҳи апрели соли равон салоҳияти беш аз 300 нафар имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон, ки пас аз санҷиши соли гузашта ба онҳо муҳлати озмоишӣ дода шуда буд, мавриди санҷиши дубора қарор мегирад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши салоҳияти 3 ҳазору 356 имомхатибон дар соли гузашта 106 нафар аз аттестатсия нагузашта, ба зиёда аз 300 нафар муҳлати озмоишӣ дода шуда буд.

Тавре аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, имомхатибон аз гузаронидани санҷиш огаҳ гардида, ба он омодагӣ мегиранд. «Дар санҷиш сатҳи ҷаҳонбинии имомхатибон доир ба масоили динӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ озмуда мешавад», – гуфтанд дар кумита.

Ба иттилои манбаъ, имомхатибон бояд аз доишҳои динӣ ва дунявӣ бархӯрдор бошанд. «Ҳадаф аз баргузории санҷиш озмудани сатҳи дониш, таҷриба ва ҷаҳонбинии номзад ба имомхатибӣ аст, зеро имомхатиб ба тарбияи ибодаткунандагон низ машғул аст», – афзуд манбаъ.

Қаблан раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба ин масъала изҳор дошта буд, ки имомхатиби асри 21 бояд шахси ҳамаҷониба босавод дар масоили ҳам диниву ҳам дунявӣ бошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...