Исфара: Оғози маъракаи ба хизмати ҳарбӣ фиристодани даъватшудагон

Дар ноҳияи Исфара маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ бо фиристодани 50 нафар даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз гардид. Ба ин муносибат дар майдони марказии шаҳри Исфара бо ҳузури волидайну наздикон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмат баргузор шуд. Ба гуфтаи комиссари ҳарбии […]

Саҳбон Қурбонов


Дар ноҳияи Исфара маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ бо фиристодани 50 нафар даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз гардид.

Ба ин муносибат дар майдони марказии шаҳри Исфара бо ҳузури волидайну наздикон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмат баргузор шуд.

Ба гуфтаи комиссари ҳарбии шаҳри Исфара Қаҳрамон Ашӯров, соли равон баҳри муваффақона анҷом додани маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, комиссариати ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо роҳбарони ҷамоатҳо, корхонаву ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ВАО корҳои тадорукотӣ ва омодагии зиёдеро ба сомон расонидаанд.

«Вохӯриҳои сершумори ҷавонон бо хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони низомӣ доир гардида, дар қисмҳои низомии мустақар дар қаламрави шаҳру ноҳия рӯзҳои дарҳои боз баргузор шуд», – гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ беш аз 300 нафар зодагони ноҳияи Исфара ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи кишвар сафарбар хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...