Интихоби омӯзгори беҳтарини сол дар Конибодом

Дар шаҳри Конибодом омӯзгори беҳтарини сол интихоб карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳр Ховархон Наҷмиддинова хабар дод, дар даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори беҳтарини сол» панҷ нафар ғолибони давраҳои интихобии минтақавӣ ширкат варзиданд. «Озмуни «Омӯзгори беҳтарини сол» дар навбати аввал ба баланд бардоштан ва беҳбуди сатҳи касбӣ ва эҷодии муаллимон ва дарёфти […]

Акмал Алиев


Дар шаҳри Конибодом омӯзгори беҳтарини сол интихоб карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳр Ховархон Наҷмиддинова хабар дод, дар даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори беҳтарини сол» панҷ нафар ғолибони давраҳои интихобии минтақавӣ ширкат варзиданд.

«Озмуни «Омӯзгори беҳтарини сол» дар навбати аввал ба баланд бардоштан ва беҳбуди сатҳи касбӣ ва эҷодии муаллимон ва дарёфти омӯзгорони ҷавону қобилиятнок мусоидат мекунад», – иброз дошт Наҷмиддинова.

Ба қавли номбурда, таҷрибаи ташкил ва баргузории чунин озмунҳо гувоҳи он аст, ки ба иштирокчиён ҷиҳати тавсеаи муколамаву ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани мақоми касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни «Омӯзгори беҳтарини сол» дар Конибодом муаллими таърих ва ҳуқуқи литсеий шаҳрии №1 Зарнигор Баротова ғолиб дониста шуда, ӯ баҳри иштирок дар озмуни вилоятӣ ва истироҳат дар осоишгоҳи «Зумрад» роҳхат дарёфт кард.

Зикр гардид, ки иштирокчиёни дигари озмун бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.