Ҷалби сармояи амрикоӣ ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Чанде қабл миёни Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд ва ширкати амрикоии Metals & Materials Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти МОИ «Суғд» хабар доданд, ёддошт бо мақсади ҳамкории муштараки пурсамар бо Metals & Materials дар роҳи ҷалби сармоя, технологияҳои олӣ ва коркардҳои инноватсионӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна дар қаламрави МОИ […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл миёни Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Суғд ва ширкати амрикоии Metals & Materials Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маъмурияти МОИ «Суғд» хабар доданд, ёддошт бо мақсади ҳамкории муштараки пурсамар бо Metals & Materials дар роҳи ҷалби сармоя, технологияҳои олӣ ва коркардҳои инноватсионӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна дар қаламрави МОИ ба тасвиб расидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар Ёддошт масоили роҳандозии ҳамкории ҷонибҳо дар самти густариши робитаҳо миёни тоҷирон, дастгирии мутақобилаи тадорукотӣ оид ба ҷустуҷӯйи сармоягузорони имконпазир ва шарикон барои татбиқи лоиҳаҳо дар МОИ «Суғд» пешбинӣ мешавад.

«Дар чаҳорчӯби ёддошт ҷонибҳо баҳри дастгирӣ ёфтан аз ҷониби Бонки содиротии ИМА Exim Bank ва дигар фондҳои амрикоии ҳукумативу хусусӣ ҷиҳати ҷалби сармоя талош хоҳанд варзид», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар сурати зарурат баҳри амалисозии лоиҳаҳо бо назардошти кишвари боррасони таҷҳизот ва технология сарчашмаҳои маблағгузории ба ин монанд аз Иттиҳоди Аврупо низ ҷалб хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.