Мусодираи 4 кило ҳашиш дар вилояти Суғд

Дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Истаравшан, ки қаблан барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дуздии амвол суд шуда буд, бо 4 кило ҳашиш бори дигар боздошт гардид. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ […]

ASIA-Plus


Дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Истаравшан, ки қаблан барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дуздии амвол суд шуда буд, бо 4 кило ҳашиш бори дигар боздошт гардид.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд созмон дода шуда, онҳо мошини тамғаи «Нексия»-ро ба гумони интиқоли мухаддирот боздошт ва мавриди кофтуков қарор додаанд.

»Аммо баъди мусодираи ин миқдор маводи нашъадор ва аввалин пурсиш   шарики дигари гумонбар, ки шарҳванди 42-солаи ноҳияи Мастчоҳ буда, ӯ низ аз ин пеш дар Федератсияи Русия барои авбошӣ аз озодӣ маҳрум шуда будааст, низ боздошт гардид», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, пурсиш нишон додааст, ки дастгиршудагон қасди фурӯши чаканаи бори марговарро дар сар доштаанд ва ҳадаф дар як муддати кӯтоҳ соҳиб шудан ба сармояи бе дарди миён буд.

Зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ тибқи моддаи 200, қ.3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард ва ҳоло боздоштшудагон дар тафқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд нигоҳ дошта мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.