БОР сабабҳои коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро шарҳ дод

Дар гузориши ҳамасолаи иқтисодии Бонки осиёгии рушд (БОР) «Шарҳи рушди Осиё-2012» коршиносони бонк коҳиши рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз 7,4%-и соли 2011 то 5,5 % дар соли 2012-ро пешгӯйӣ мекунанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ба туфайли сатҳи баланди интиқоли маблағҳои пулӣ, афзоиши истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, соҳаи хизматгузорӣ ва саноат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз […]

Виктория Наумова


Дар гузориши ҳамасолаи иқтисодии Бонки осиёгии рушд (БОР) «Шарҳи рушди Осиё-2012» коршиносони бонк коҳиши рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз 7,4%-и соли 2011 то 5,5 % дар соли 2012-ро пешгӯйӣ мекунанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ба туфайли сатҳи баланди интиқоли маблағҳои пулӣ, афзоиши истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, соҳаи хизматгузорӣ ва саноат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз 6,5%-и соли 2010 то 7,4% дар соли 2011 афзоиш ёфт.

Коршиносони БОР қайд кардаанд, ки бо назардошти афзиши рекордии ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ, ки дар соли 2011 ҳудуди 3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил доданд, бахши хизматгузорӣ омили асосии рушд маҳсуб ёфта, он ба андозаи 13% афзоиш ёфт.

Сарфи назар аз обуҳавои номусоид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 7,9%, аз ҷумла истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ 34% афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон соли гузашта 5,9% зиёд шуд.

Коршиносони БОР рушди ММД дар кишвар дар соли 2013-ро то 6% пешгӯйи карда, онро ба беҳбуди тамоили рушд дар иқтисодӣ ҷаҳонӣ нисбат медиҳанд.

«Барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодӣ дар дурнамои миёнамуҳлат Тоҷикистонро мебояд монеаҳои усулӣ барои сармоягузории хусусӣ, аз ҷумлаи омилҳои боздоранда барои маблағгузории беруниро рафъ созад, – иброз дошт намояндаи доимии БОР Ҷорҷ Токеши. – Бахши хусусӣ то ҳанӯз аз нисф камтари ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва сармоягузориҳои хусусӣ камтар аз 5%-ро ташкил медиҳанд».

Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯйии коршиносони БОР, муддати ду соли минбаъда сатҳи таваррум дар кишвар ба ҳудуди 8,5-9% баробар хоҳад буд. Гуфта мешавад, болоравии қимати маҳсулоти ғизойӣ дар бозори ҷаҳонӣ, афзоиши ҳаҷми боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ аз Русия ва дигар омилҳо ба болоравии сатҳи таваррум аз 6,5% дар соли 2010-ум ба то 12,5% дар соли 2011-ум оварда расониданд.

«Ҳамчунин хароҷоти зиёди давлатӣ барои сохтмони иншооти зербиноиву ҷашнӣ ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни истиқлоли ҷумҳурӣ низ ба болоравии сатҳи таваррум боис гардиданд», – баён мегардад дар гузориш.



Маълумотнома:


Тоҷикистон ба узвияти Бонки осиёгии рушд соли 1998 пазируфта шуд. Аз он замон БОР дар шакли қарзҳои хурд, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ба Тоҷикистон беш аз 860 млн. доллари ИМА ҷудо кард.

Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар минтақа воқеанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.