Айбдоршудагон дар марги нозири БДА маҳкум шуданд

Нимаи дуюми дирӯз дар шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи марги нозири Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт Равшан Шарифов ба итмом расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути телефон хешовандони нозири ҳалокшуда хабар доданд, Озодбек Одинаев ба 10 ва Саидмухтор Мирҷонов ба 9 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ҳамин муҳлати ҷазоро айбдоркунандаи давлатӣ низ талаб […]

Наргис Ҳамробоева


Нимаи дуюми дирӯз дар шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи марги нозири Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт Равшан Шарифов ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути телефон хешовандони нозири ҳалокшуда хабар доданд, Озодбек Одинаев ба 10 ва Саидмухтор Мирҷонов ба 9 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ҳамин муҳлати ҷазоро айбдоркунандаи давлатӣ низ талаб карда буд. Бо истифода аз қонуни афв муҳлати ҷазои маҳкумшудгон аз се як ҳисса кам карда шуд.

Дар парвандаи ҷиноии мазкур ду нафар судшавандагон дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 237, қ. 2, б. «б», «в», «г» (Авбошӣ), 32, қ.3 – 320 қ. 2 (Суиқасд ба додани пора), 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва 108, қ. 1 (Ба марг расонидан аз беэҳтиётӣ) айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи мазкур моҳи апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст. Дар шаҳри Душанбе нозири БДА аз ҷониби ду нафар ҷавон мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Нозир автомашинаи онҳоро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ боздошта буд.

Мирҷонови 30-сола ва Одинаеви 26-сола дар автомашинаи тамғаи «Мерседес» (9889 РТ01) ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Қарабоев ба дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ роҳ дода, дар чорроҳаи кӯчаҳои Қарабоев ва Шестопалов ба ранги сурхи светофор автомашинаро манъ намекунанд. Нозири БДА Равшан Шарифов автомашинаи онҳоро манъ намуда, ба тартиб додани протокол дар бораи қонуншикании маъмурӣ шурӯъ мекунад. Ин ҳангом ронанда ва мусофири он аз автомашина пиёда шуда, миёни нозир ва онҳо ҷанҷол сар мезанад. Пас аз ин онҳо ба латукӯби нозир оғоз мекунанд. Дар натиҷа нозири БДА бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.