Хисороти сел ба ноҳияҳои Хуросону Қумсангир

Date:


Шоми 11-уми апрел бар асари селфароӣ дар қаламрави ноҳияи Хуросон ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Душанбе қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон хабар доданд, дар маркази маъмурии ноҳияи Хуросон аз офати табиӣ заминҳои кишт, якчанд иншоот, аз ҷумла нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ва нуқтаи хизматгузории техникии автомашинаҳо зарар дидаанд.

Айни замон дар макони офат комиссия машғули кор буда, ҳаҷми зарари расидаро муайян хоҳад кард. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Пас аз рух додани офат кормандони хадамоти истифодабарии роҳ ба тозакунии роҳ шуруъ намуда, қарибиҳои шом ҳаракати нақлиёт тавассути он барқарор карда шуд.

Бино ба маълумоти ситоди вилоят, рӯзи 10-уми апрел бар асари фаромадани сел 2 манзили зист дар ноҳияи Қумсангир осеб дидаанд. Ҳеҷ яке аз сокинони маҳаллӣ осебе надида, ҳаҷми хисорот муайян карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...