Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз ВАО-и Русия бобати инъикоси воқеии муносибатҳои Тоҷикистону Русия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ВАО-и Русия даъват кард, ки ҳамкориҳои мавҷудаи Тоҷикистону Русияро воқеӣ инъикос намоянд ва таъкид сохт, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад. «Ман мехостам, ки тавассути ВАО-и Русия дар бораи муносибатҳои дуҷониба, шароити будубоши русзабонон дар Тоҷикистон маълумоти воқеӣ пешниҳод гардад ва шахсоне суханронӣ накунанд, ки ҳатто дар харита дар […]

Виктория Наумова


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ВАО-и Русия даъват кард, ки ҳамкориҳои мавҷудаи Тоҷикистону Русияро воқеӣ инъикос намоянд ва таъкид сохт, ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

«Ман мехостам, ки тавассути ВАО-и Русия дар бораи муносибатҳои дуҷониба, шароити будубоши русзабонон дар Тоҷикистон маълумоти воқеӣ пешниҳод гардад ва шахсоне суханронӣ накунанд, ки ҳатто дар харита дар куҷо будани Тоҷикистонро намедонанд, – гуфт имрӯз зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе сарвари давлат. – Ман гуфтаниам, ки дар ҷомеаи Русия дар бораи Тоҷикистон, сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба маълумоти воқеӣ мавҷуд нест. Мо чандин сол аст, ки ба ин ноил шуданием, вале маълумот  ҳамоно таҳрифомез пешниҳод мегардад».

Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, Русия дар Тоҷикистон дорои иншоотест, ки дар дигар кишварҳои минтақи Осиёи Марказӣ мавҷуд нест. Ба сифати мисол Э.Раҳмон пойгоҳи низомии 201-ум ва маҷмааии кайҳонии «Окно»-ро номбар кард. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, журналистони русро мебояд ҳамкории низомиву техникӣ, узвияти Тоҷикистон дар СААД ва ИДМ-ро воқеъбинона инъикос созанд.

«Маълумоти воқеиро пешниҳод кунед, бигзор ҷомеаи Русия бифаҳмад, ки Тоҷикистон дар куҷо воқеъ асту кӣ аз Русия дар кишвари мо дар кадом шароит кору зиндагӣ дорад», – зикр кард президент.

«Мо ба манфиатҳои шарики стратегии худ эҳтиром мегузорем, вале шарики стратегӣ низ бояд аз манфиатҳои шарикону иттифоқчиён пуштибонӣ намояд. Мо дар саросари ҷаҳон мушоҳида мекунем, ки абарқудратон ба иттифоқчиёни худ дар минтақа чӣ гуна муносибат доранду аз манфиатҳои онҳо чӣ тарз ҳимоят мекунанд, – изҳор кард Эмомалӣ Раҳмон. – Ин арзу шикоят нест, ман танҳо дархост карданиам, ки маълумот дар бораи муносибатҳои мардуми тоҷику рус, ҳатто бо сарфи назар кардани муносибатҳои ду пешво ва маҳз муносибатҳои мардум ба ҷомеаи Русия воқеӣ пешниҳод шаванд».

Ӯ бори дигар таъкид кард, ки «Русияи бузург шарики асосии стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.