Марзбонони нашъафурӯш ба 14 соли зиндон маҳкум шуданд

Date:


Суди низомии гарнизони Хатлон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар марзбононро ба муҳлати зиёд аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа судя Исмоил Мирмахсумов хабар дод, муовини сардори посгоҳи марзбонии «Кокул», қисми низомии № 2133-и Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Наҷибулло Носиров ва прапоршики ин қисми низомӣ Диловар Даматов ба ҷурми машғул шудан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор муттаҳам дониста шудаанд.

Аз ҷониби суд исбот шудааст, ки Н.Носиров ҳамроҳ бо Даматов як миқдор маводи мухаддирро, ки ҳудуди 6,5 кило вазн дошт, фурӯхтанӣ шудаанд. Аммо 30-юми январи соли равон дар деҳаи Ҳисораки ноҳияи Фархор як корманди фаврии мақомот ҳамчун харидори шартӣ амал карда, ҳангоми фурӯши 5 килову 344 кило ҳашиш ва 1 килову 126 грамм афюн прапоршик Даматов боздошт мешавад. Дар асоси нишондодӣ ӯ ҳамроҳаш лейтенант Н.Носиров низ дастгир мегардад.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуноҳи айбдоршавандагон пурра исботи худро ёфт. Суд ҳар кадоме аз хизматчини ҳарбиро ба муддати 14 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум кард. Суд онҳоро ҳамчунин аз рутбаҳои ҳарбӣ низ маҳрум намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...