Вакили Парлумони Аврупо Тоҷикистону Ӯзбекистонро сари мизи гуфтушунид хонд

Вакили Парлумони Аврупо дар муроҷиати худ ба мақомоти раҳбарии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки аз иттилоот оид ба идомаи шиддатҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ғамгин аст. «Ин ду миллати хуб дар Осиёи Марказӣ бо одамони бағояту олиҳиммат ба сулҳ ва субот ҷидду ҷаҳд доранд.  Аҳолии камбизоати ин ду кишвар барои пеш бурдани зиндагӣ, ки бо […]

ASIA-Plus


Вакили Парлумони Аврупо дар муроҷиати худ ба мақомоти раҳбарии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки аз иттилоот оид ба идомаи шиддатҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ғамгин аст.

«Ин ду миллати хуб дар Осиёи Марказӣ бо одамони бағояту олиҳиммат ба сулҳ ва субот ҷидду ҷаҳд доранд.  Аҳолии камбизоати ин ду кишвар барои пеш бурдани зиндагӣ, ки бо тезутундшавии робитаҳо миёни ду давлат, бастани роҳи оҳан, қатъ гардидани газ ва буридани хатти интиқоли барқ мушкил шудааст, мубориза бурда истодаанд», – гуфтааст вай.

Ба андешаи ӯ, чунин масъалаҳо ҳаёти шахсони оддиро боз ҳам мушкил мегардонад. «Ғайр аз ин чунин масъалаҳо ба иқтисодиёти ду кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Беҳтар гардидани муносибатҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон  ба робитаҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад, ки он ба баландшавии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ду кишвар мусоидат менамояд. Ба назарам сиёсати ғайрисозандаи робитаҳо байни давлатҳо ба нокомӣ меорад», – омадааст дар муроҷиатномаи вакил.

Номбурда гуфтааст, айбдор намудани Тоҷикистон дар сохтмони НОБ-и Роғун дар дарёи Вахш барои Ӯзбекистон баҳонаи сарчашмаи низоъ шуда наметавонад.

Ба қавли Стивенсон, гидроэнергетика сарчашмаи нерӯи тоза ва бехатар буда, рушди минбаъдаи он ба манфиати кишварҳои ҳавзаи Арал, аз ҷумла Афғонистон мебошад.

«Оқилона мешуд,  агар роҳбарияти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон якҷоя ҷамъ меомаданд ва ихтилофҳоро бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл менамуданд ва сипас аз натиҷаи он даромади барзиёд ба манфиати ду кишвар баҳрабардорӣ менамуданд. Ман хушҳол мешудам, ки дар чунин вохӯрӣ дар қаламравӣ бетараф дар Парлумони Аврупо ба сифати миёнарав баромад намоям», – афзудааст С.Стивенсон.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.