С.Шарифов: Ӯзбекистон бо фишорҳояш ба рушди Тоҷикистон кӯмак мекунад

Дубора барқарор шудани интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон яқинан ба нигаронии ҳукуматдорони Ӯзбекистон нисбат ба фишори имконпазир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ марбут аст, – мегӯяд вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Сӯҳроб Шарифов. «Дар ҷаҳони муосир аз фишор ба кишвари ҳамсояи нисбатан хурд истиқбол карда намешавад, – изҳор кард дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» […]

Пайрав Чоршанбиев


Дубора барқарор шудани интиқоли газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон яқинан ба нигаронии ҳукуматдорони Ӯзбекистон нисбат ба фишори имконпазир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ марбут аст, – мегӯяд вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Сӯҳроб Шарифов.

«Дар ҷаҳони муосир аз фишор ба кишвари ҳамсояи нисбатан хурд истиқбол карда намешавад, – изҳор кард дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» С.Шарифов. – Ҳукуматдорони Ӯзбекистон ба хубӣ аз ин масъала огоҳанд. Гузашта аз ин, айни замон Ӯзбекистон нияти узвият ба созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дорад. Бо чунин нуфузу шуҳрат ба гумон аст, ки онро ба узвият бипазиранд».

Ба андешаи вакил, ҳукуматдорони ӯзбек баҳри ба худ тобеъ кардани кишвари мо аз тамоми фишангҳои имконпазири мавҷуда истифода намуданд, аммо ба мақсад нарасиданд.

«То имкон даст медод, онҳо бо ҳама гуна методҳои дастраси имкопазир моро пахш карданӣ шуданд. Марз мингузорӣ шуд, реҷаи раводид ҷорӣ гардид, интиқоли барқу газ ва роҳҳо баста шуданд. Аммо дарк карданд, ки дигар чизе аз фишор боқӣ намондааст. Идомаи он танҳо ҷанг буда метавонад. Ҷанг бошад, ба манфиати Ӯзбекистони сарватманд нест, ки дар он метавонист бисёр чизҳоро талаф диҳад. Мо чизе талаф нахоҳем дод, диёри мо танҳо аз куҳҳо иборат аст», – гуфт вакили парлумон.

Аз ҷониби дигар, вакил бар ин назар аст, ки бо фишорҳои худ Ӯзбекистон Тоҷикистонро маҷбур менамояд, ки роҳи ҳалли мушкилотро биҷӯяд. «Ҳар қадре ба мо зиёдтар фишор оранд, мо ҳамон қадр бештар ба худ омада, сари андеша фурӯ меравем, – иброз дошт ӯ. – Боре дар Тошканд ман аз Ислом Каримов барои дар муҳосира қарор додани Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намудам, зеро мо ба ҷустуҷӯйи воситаҳои алтернативии ҳалли мушкилот пардохтем. Ба бунёди нерӯгоҳу роҳҳо ва ғайра оғоз кардем. Ман ба ӯ гуфтам, ки онҳо бо ҳамин тарз муносибатҳоро идома бидиҳанд».

С.Шарифов муътақид аст, ки солҳои наздик ба беҳбуди муносибатҳо бо Ӯзбекистон умед бастан нашояд. «Моро мебояд аз чанголи Ӯзбекистон халос шавем, – зикр кард вай. – Рушди бахши энергетика, аз ҷумла сохтмони Марказҳои барқу гармидиҳӣ, ки бо ангишт кор мекунанд, зарур аст, то ки ҷумҳурӣ аз буҳрони энергетикӣ раҳо ёбад».

Ёдрас мекунем, ки сар аз 1-уми апрели соли ҷорӣ Ӯзбекистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ сохта, мақомоти масъули Ӯзбекистон қатъи интиқоли газро ба нокофӣ будани захираҳои он рабт дода буданд.

Қаблан, моҳи ноябри соли гузашта Ӯзбекистон ҳаракати қатораҳо тавассути роҳи оҳани қаламраваш ба самти вилояти Хатлонро манъ кард ва аввали моҳи апрели соли равон ба барчидани релсҳои ин қитъаи роҳ оғоз намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.