Имзои ду санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия

Аз рӯйи натоиҷи гуфтушуниди вазири корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия ва Сергей Лавров миёни кишварҳо ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид, – хабар медиҳад CA-News бо истинод ба манбаъ аз ҳайатҳои давлатҳо. Миёни кишварҳо Созишнома дар бораи ҳамкории минтақаҳои ду кишвар ва барномаи ҳамкории Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия барои соли 2012 ба тасвиб расид. Дар […]

ASIA-Plus


Аз рӯйи натоиҷи гуфтушуниди вазири корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия ва Сергей Лавров миёни кишварҳо ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид, – хабар медиҳад CA-News бо истинод ба манбаъ аз ҳайатҳои давлатҳо.

Миёни кишварҳо Созишнома дар бораи ҳамкории минтақаҳои ду кишвар ва барномаи ҳамкории Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия барои соли 2012 ба тасвиб расид.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ИТАР-ТАСС менависад, зимни мулоқт бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кардааст, ки Русияву Тоҷикистон шарикони стратегианд.

«Мутмаинем, ки ҳамкории мо минбаъд низ баҳри истифодаи тамоми имкониятҳо шароит фароҳам меорад», – таъкид кардааст сарвари давлати Тоҷикистон. Ҳамчунин С.Лавров идомаи муколамаи пурсамарро муҳим арзёбӣ кардааст.

Шоми дирӯз ба Душанбе бо сафари расмӣ Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров омад.

Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ С.Лавров инчунин ба Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва Бунёди “Русский мир” ташриф хоҳад овард.

Сафари вазири корҳои хориҷии Русия дар остонаи 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия, ки 8-уми апрели соли 1992 барқарор шуда буданд, сурат мегирад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Ваорати корҳои хориҷии Русия, дар гуфтушунидҳо баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва ҳамчунин самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар сохторҳои минтақавӣ, аз қабили ИДМ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони ҳамкории Шанхай ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.