Имтиёзи парлумон ба ширкати бунёдкори корхонаи семент

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро маъқул шуморид. Мутобиқи ин тағйироту илова, ҶДММ «Хуаксин Гаюр семент» зимни воридоти масолеҳи сохтмон, техника, таҷҳизот ва дигар маводи зарурӣ барои сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон аз пардохтҳои андоз ва боҷи гумрукӣ озод […]

Пайрав Чоршанбиев


Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро маъқул шуморид.

Мутобиқи ин тағйироту илова, ҶДММ «Хуаксин Гаюр семент» зимни воридоти масолеҳи сохтмон, техника, таҷҳизот ва дигар маводи зарурӣ барои сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон аз пардохтҳои андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилони парлумон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки ҳарчанд аз қабули ин тағйирот буҷа дар ҳаҷми 60 млн. сомонӣ зарар бинад ҳам, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона он ба буҷет ҳамасола 135 млн. сомонӣ маблағҳои пардохти андоз ворид хоҳад кард.

«Иқтидори лоиҳавии корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон ба истеҳсоли 1 млн. тонна семент дар як сол баробар буда, интизор меравад, ки он тирамоҳи соли оянда мавриди истифода қарор гирад», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, арзиши умумии сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, 77 млн. доллари ИМА аз ин маблағ ба воридоти масолеҳи сохтмон, техника ва таҷҳизот аз дигар кишварҳо масраф мегардад.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲНИТ, вакил Муҳиддин Кабирӣ аз вазири молия дархост кард, ки минбаъд дар сурати рӯйи кор омадани чунин пешниҳодот дар бораи корхонаи аз пардохти андозҳо озодмешуда ба вакилон маълумоти муфассал пешниҳод гардад.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон ҶСК «Тоҷиксемент» корхонаи бузургтарини истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон маҳсуб меёбад.

Қобили зикр аст, ки маҳсулоти «Тоҷиксемент» асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо  истифода мешаванд.

Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.