Ҳудуди 39 ҳазор сомонӣ ҷарима барои саривақт нагирифтани шиноснома

Date:


Сар аз соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 971 ҳолати саривақт муроҷиат накардан ба гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ва часпонидани акс аз рӯйи синнусол ба он ба қайд гирифта шудааст.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти шиносномаву раводиди шаҳри Кӯлоб подполковники милиса Абдуғаффор Фаттоев хабар дод, аксари шаҳрвандон ба муқаррароти аз синни 16-солагӣ гирифтани шиноснома ва часпонидани аксҳои нав ба он дар синни 25 ва 40-солагиро риоя намекунанд.

«Як қисмати муайяни ҷавонон чун ба синни 18-20-сола мерасанду ихтиёри муҳоҷират ба Русияро пеш мегиранд, баъд барои гирифтани шиноснома ба мо муроҷиат мекунанд», – мегӯяд вай.

Ба гуфтаи Фаттоев, барои саривақт муроҷиат накардан ба гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ва часпонидани акс аз рӯйи синнусол шаҳрвандон дар маҷмуъ ба маблағи 38 ҳазору 840 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

«Барои беҳбуди вазъ дар ин самт кормандони хадамот рӯзи сеюм аст, ки дар макотиби таҳсилоти умумӣ ба хатмкунадагони синни 16-сола дар вазъияти тантанавӣ шиносномаҳои шаҳрванди Тоҷикистонро месупоранд ва дар зарфи 3 рӯз аллакай беш аз 600 адад шиносномаҳо соҳибони худро пайдо карданд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда афзуд, ҳамчунин дар бинои хадамот низ дар вазъияти тантанавӣ боз ҳамин миқдор хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии маркази шаҳри Кӯлоб соҳиби шиноснома шуда, доимӣ кардани ин анъана дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...