Ш.Раҳимзода: Расмиёти зиёдатӣ дар савдо имиҷи кишварро коҳиш медиҳад

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бар ин назар аст, ки мушкилоти зимни транзит ва расмиёти содироту воридот пайдошуда имиҷи Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ коҳиш медиҳад. «Айни замон ҷумҳурӣ дар рейтинги бонки Doing Business дар мақоми на он қадр шоиста қарор дорад ва ба ин маҳз монеагузориҳо дар самти савдои байнулмилалӣ сабаб […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бар ин назар аст, ки мушкилоти зимни транзит ва расмиёти содироту воридот пайдошуда имиҷи Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ коҳиш медиҳад.

«Айни замон ҷумҳурӣ дар рейтинги бонки Doing Business дар мақоми на он қадр шоиста қарор дорад ва ба ин маҳз монеагузориҳо дар самти савдои байнулмилалӣ сабаб шудааст», – гуфт вазир зимни ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягона».

Ш.Раҳимзода муътақид аст, ки мебояд дар ин самт ҷиддӣ тадбир андешида, ба ҳадди ниҳоӣ расмиёти нолозим ва зиёдатиро кам намуд. «Беҳбуди имиҷи кишварамон дар дасти худамон аст», – гуфт вай.

Ба гуфтаи менеҷери барномавии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Борис Филатов, амалисозии бевоситаи ҷорисозии низоми «Равзанаи ягона» дар ҷумҳурӣ моҳи июни соли равон оғоз мегардад. «Дар таърихи 12 апрели соли гузашта миёни Тоҷикистон ва Комиссияи Аврупо «Дар бораи ҷорисозии низоми «Равзанаи ягона» дар ҶТ» созишномаи молиявӣ ба имзо расид», – таъкид кард вай.

Номбурда гуфт, ҷиҳати иҷрои ин вазифа тибқи тендери эълоншудаи Иттиҳоди Аврупо як ширкати соҳибтаҷриба ва дорои имконияти зиёди молӣ интихоб шудааст. «Корҳои ҷорисозии низоми мазкур пас аз имзои қарордод бо паймонкори генералӣ (ширкат) оғоз гардида, низом бояд пас аз 16 моҳи оғози корҳо, яъне тирамоҳи соли оянда мавриди амал қарор гирад», – афзуд Б.Филатов.

Дар ҷаласа ҳамчунин атрофи дигар масоили марбут ба ҷорисозии низоми «Равзанаи ягона» дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.