Иштироки намояндагони КМИР дар интихоботи парлумонии Арманистон

Date:


Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ва корманди масъули ин мақомот Ҷӯрахон Қурбонов ҷиҳати иштирок дар мониторинги маъракаи интихобот ба Маҷлиси миллии Арманистон ба шаҳри Ереван сафар мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР ҶТ хабар доданд, намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати гуруҳи нозирон аз кишварҳои узви ИДМ шомил мегарданд. Ҳайати мазкурро муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун сарварӣ мекунад.

Интихоботи парлумонӣ дар Арманистон санаи 6-уми майи соли равон доир мегарданд. Ба мақомоти қонунгузории ин кишвар 131 нафар вакилон интихоб мешаванд. Дар маъракаи интихоботии кунунӣ 8 ҳизби сиёии кишвар иштирок мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related