Русия 5 млн. нафар муҳоҷирони ғайриқонуниро афв карданист

Фонди «Муҳоҷирати асри XXI»-и Русия лоиҳаи қонун дар бораи афви муҳоҷиронро мавриди таҳия қарор дорад ва он бояд ба ҳукумати кишвар пешниҳод гардад. Интизор меравад, ки тибқи ин қонун, муҳоҷирони корӣ мавриди афв қарор мегиранд, аммо муаллифони он умедворӣ кардаанд, ки афроди муддати зиёд дар Русия иқоматдошта ва хоҳишманд метавонанд шаҳрванди Русия шаванд. Дар ин […]

ASIA-Plus


Фонди «Муҳоҷирати асри XXI»-и Русия лоиҳаи қонун дар бораи афви муҳоҷиронро мавриди таҳия қарор дорад ва он бояд ба ҳукумати кишвар пешниҳод гардад.

Интизор меравад, ки тибқи ин қонун, муҳоҷирони корӣ мавриди афв қарор мегиранд, аммо муаллифони он умедворӣ кардаанд, ки афроди муддати зиёд дар Русия иқоматдошта ва хоҳишманд метавонанд шаҳрванди Русия шаванд. Дар ин бора нашрияи «Российская газета» иттилоъ додааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон дар қаламрави кишвар тақрибан 5 млн. нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, вале коршиносони мустақил бо такя ба арқоми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз Русия, шумори муҳоҷирони ғайриқонуниро қариб 2 баробар бештар арзёбӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, мушкилоти мазкурро қисман афви муҳоҷирон, ки дар аксари кишварҳои дунё истифода шудааст, ҳал карда метавонад.

Мутобиқи ин барнома, муҳоҷире, ки ҳуҷҷатҳои муҳлаташ гузашта дораду вале ба дигар қонуншиканиҳо даст назадааст, метавонад ихтиёрӣ ба ҳукуматдорон «таслим» шуда, ё соҳиби шиносномаи шаҳрванди Русия гардад ва ё дигар санади расмиву қонунии будубош дар Русияро ба даст орад.

Ноиби президенти Фонди «Муҳоҷирати асри XXI» Наталия Власова ба нашрия гуфтааст, аз соли 1980 то соли 2005 дар саросари ҷаҳон беш аз 25 чунин иқдомот сурат гирифта, дар натиҷа 6 млн. нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба вазъи будубошӣ қонунӣ гузаштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.