Се соли минбаъд БОР баҳри рушди Тоҷикистон 250 млн. $ ҷудо мекунад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Кумар Лаҳириро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба барномаи таҳияшавандаи ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд барои солҳои 2012-2014 зоҳир карда шуд. Тавре зикр гардид, барномаи мазкур дар […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Кумар Лаҳириро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба барномаи таҳияшавандаи ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд барои солҳои 2012-2014 зоҳир карда шуд. Тавре зикр гардид, барномаи мазкур дар ҳаҷми 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд. Ин маблағҳо ба беҳсозии шабакаи роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд.

Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз ҳамкории гузашта, ки дар натиҷаи он ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 855 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо шудааст, ба Бонки осиёии рушд арзи сипос намуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон як зумра лоиҳаҳои муҳим бо маблағгузории ин бонк татбиқ мегарданд, ки барои онҳо харҷи 530 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Таъкид гардид, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт бо назардошти имконоти пайвастани шабакаҳои дахлдори Тоҷикистон бо Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.