Нияти сармоягузории як ширкати покистонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо директори идоракунандаи ширкати покистонии «Lafarge Pakistan Cement Industry» Рехмат Хан ва намояндагони масъули ширкати мазкур мулоқот орост. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар аснои дидор ҷонибҳо имконоти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ба иттилои […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз дар шаҳри Душанбе вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо директори идоракунандаи ширкати покистонии «Lafarge Pakistan Cement Industry» Рехмат Хан ва намояндагони масъули ширкати мазкур мулоқот орост.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар аснои дидор ҷонибҳо имконоти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин аз шароити мусоиди сармоягузорӣ, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бахши хусусӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ изҳори хушнудӣ намуданд.

Ширкати «Lafarge Pakistan Cement Industry» таҳти тамғаи тиҷоратии РАКСЕМ ба истеҳсол, фурӯш ва содироти семент машғул аст. Ширкат соли 1993 таъсис ёфта, дафтари кориаш дар Исломобод фаъолият мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.