БҶ барои беҳбуди муҳити корӣ ба Тоҷикистон 10 млн. $ ҷудо кард

Рӯзи панҷшанбе Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани бурси навбатӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморид. Тавре дар иттилоияи бонк хабар дода мешавад, маблағи мазкур ба амалисозии лоиҳа оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ ва беҳбуди муҳити корӣ дар ҷумҳурӣ равона мегардад. Дар иттилоия зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур ба […]

Виктория Наумова


Рӯзи панҷшанбе Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани бурси навбатӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА-ро маъқул шуморид.

Тавре дар иттилоияи бонк хабар дода мешавад, маблағи мазкур ба амалисозии лоиҳа оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ ва беҳбуди муҳити корӣ дар ҷумҳурӣ равона мегардад.

Дар иттилоия зикр мегардад, ки лоиҳаи мазкур ба содакунии тартибот оид ба сабти тиҷорат ва дастрас кардани иҷозат барои сохтмон, беҳбуди зербинои молиявӣ барои таъмини дастрасии беҳтар ба хизматгузориҳои молиявӣ ва ҳамчунин мусоидат ба рушди саноати кӯҳкории ҷумҳурӣ, ки Тоҷикистон дар он афзалият дорад, нигаронида шудааст.

«Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бахши хусусӣ дар модели нави рушди кишвар бояд пешсаф бошад ва Бонки ҷаҳонӣ ин назарро пурра дастгирӣ мекунад. Лоиҳаи мазкур ба соҳибкорон баҳри осон кардани ҷараёни ифтитоҳи тиҷорати нав ва сарфаи вақт кӯмак хоҳад расонид», – иброз дошт намояндаи доимии БҶ дар Тоҷикистон Марша Олив.

Дар бонк муътақиданд, ки дар натиҷаи амалисозии лоиҳа ва ба туфайли ҷорисозии «равзанаи ягона», ки мустақиман дастрас хоҳад буд, соҳибкорони Тоҷикистон бо осонӣ тиҷорати худро ба қайд гузошта, дар фурсати наздиктарин барои сохтмон, дастрасӣ ба хизматгузориҳои молиявӣ ва ғайра ноил хоҳанд шуд.

Дар бахши саноати кӯҳкорӣ лоиҳа ба бунёди заминаи бештар мусоиди ҳуқуқӣ ва меъёрӣ ҷиҳати ҳавасмандкунии сармоягузориҳои нав, фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ ва пешниҳоди имконоти нав барои аҳолии маҳаллӣ равона гардидааст.

Имрӯз сандуқи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии онҳо 225 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ сармоягузорӣ бештар ба бахши энергетикаву таъминоти об (35%), сипас бахши кишоварзӣ ва рушди деҳот (31%), рушди маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (30%) ва рушди иқтисоду бахши давлатӣ (4%) сурат гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.