Дар мақомоти ҷумҳуриявию маҳаллӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирулло Холов Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ва Мирзохон Сангов Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин гардиданд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руҳуло Ҳакимов Муовини вазири […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирулло Холов Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ва Мирзохон Сангов Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руҳуло Ҳакимов Муовини вазири молия, Ҳикматулло Назиров Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Шарифҷон Раҷабов Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Раҳматулло Таваров Сардори Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъмории Агентии сохтмон ва меъморӣ таъин шуданд.

Худобердӣ Холиқназаров Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайфулло Сафаров ва Фарида Муминова муовинони директори ҳамин марказ таъин карда шуданд.

Ҳамчунин таъин гардиданд:

– Раҳматулло Мирбобоев – Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

– Диловар Қодиров – Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;

– Ғафур Усмонов – Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;

 – Ҷамшед Ҷӯрабоев – Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;

– Маҳмад Шодиев – Ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав;

– Имомёрбек Қаландарбеков – Ректори Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев;

– Сулаймон Давлатов – Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит.

Нӯҳ нафари дигар ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судя дар мақомоти судии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе таъин шуданд.

 Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ёвон, Ҷиликул ва Муъминободи вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.