Қатъи робитаи минтақаи шарқи ҷумҳурӣ бо марказ

Бар асари заминларзаи шаби 13-уми майи соли равон дар километри 23-юми роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара, ки минтақаи шарқи ҷумҳуриро бо маркази кишвар мепайвандад, сангфароӣ ба вуқуъ пайваста, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ ғайриимкон шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, дар натиҷи сангфароӣ беш аз 150 метри роҳи мошингард хароб […]

Аваз Юлдошев


Бар асари

заминларзаи шаби 13-уми майи

соли равон дар километри 23-юми роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара, ки минтақаи шарқи ҷумҳуриро бо маркази кишвар мепайвандад, сангфароӣ ба вуқуъ пайваста, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ ғайриимкон шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, дар натиҷи сангфароӣ беш аз 150 метри роҳи мошингард хароб гардида, баландии сангтӯдаҳо дар баъзе қсмати роҳ то 6 метр мерасад.

Айни замон дар макони сангфароӣ техника ва кормандони Вазорати нақлиёт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода машғули кор буда, баҳри ҳарчи зудтар тоза кардани роҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, феълан аз санаи дақиқи барқарор шудани ҳаракат нақлиёт тавассути ин роҳ наметавон ҳарф зад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.