Оғози амалиёти «Кӯкнор-2012» дар Тоҷикистон

Санаи 20-уми май дар Тоҷикистон амалиёти махсуси ҳамасолаи «Кӯкнор-2012» оғоз мегардад. Мутобиқи қарори ҳукумат, он бо мақсади ҳамоҳангсозии кӯшишоти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар самти ошкорсозӣ ва мусодираи рустаниҳои нашъаовар, нобудсозии заминҳои кишти он ва мубориза бо муомилоти ғайиқонунии маводи мухаддир доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, амалиёти […]

Аваз Юлдошев


Санаи 20-уми май дар Тоҷикистон амалиёти махсуси ҳамасолаи «Кӯкнор-2012» оғоз мегардад.

Мутобиқи қарори ҳукумат, он бо мақсади ҳамоҳангсозии кӯшишоти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар самти ошкорсозӣ ва мусодираи рустаниҳои нашъаовар, нобудсозии заминҳои кишти он ва мубориза бо муомилоти ғайиқонунии маводи мухаддир доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, амалиёти «Кӯкнор-2012» дар ду марҳила баргузор шуда, 30-юми ноябри соли равон ба итмом мерасад.

Дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад, ки он корҳои тадорукотӣ ва баргузории амалиётро ҳамоҳанг месозад. Ба ин монанд ситодҳо дар назди ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо низ таъсис дода мешаванд.

Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2012» барои ошкор сохтани макони киштукори рустаниҳои нашъаовар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гурӯҳҳои махсус созмон дода мешаванд. Аввали моҳи декабри соли ҷорӣ натиҷаҳои амалиёт ҷамъбаст карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.