Ифтитоҳи гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи «ЭСКПО-2012»

Дар намоишгоҳи байнулмилалии «ЭСКПО-2012» таҳти унвони «Уқёнуси зинда ва минтақаи наздисоҳилӣ», ки рӯзи 12-уми май дар шаҳри Ёсуи Кореяи Ҷанубӣ ба кор оғоз намуд, гӯшаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гӯша сарвари ҳайати Тоҷикистон – раиси Палатаи савдо ва саноати […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар намоишгоҳи байнулмилалии «ЭСКПО-2012» таҳти унвони «Уқёнуси зинда ва минтақаи наздисоҳилӣ», ки рӯзи 12-уми май дар шаҳри Ёсуи Кореяи Ҷанубӣ ба кор оғоз намуд, гӯшаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гӯша сарвари ҳайати Тоҷикистон – раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид изҳор кардааст, ки «Тоҷикистон аз ҷиҳати захоири обӣ кишвари бойтарини минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб гардида, ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байнулмилалии амали «Об барои ҳаёт» ва иштирокчии фаъоли чорабиниҳои ҷаҳонӣ дар мавзӯи об бар ин назар аст, ки намоишгоҳи мазкур ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи об дар саросари ҷаҳон саҳми арзанда хоҳад гузошт».

Ба иттилои манбаъ, дар гӯшаи Тоҷикистон имконоти гидроэнергетикӣ, захоири ғании минералӣ, бахшҳои ояндадори иқтисод, аз ҷумла истеҳсоли алюминий, саноати кимиёвӣ, бофандагиву дӯзандагӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур намояндагон ва ширкатҳои 104 кишвари дунё ва 10 созмони байнулмилалӣ ширкат меварзанд. Намоишгоҳ муддати 93 рӯз идома меёбад. Интизор меравад, ки аз намоишгоҳ 11 млн. нафар боздид хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.