Ҳалокати як нафар бар асари заминларза

Бар асари заминларза, ки субҳи рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон рух дод, як нафар ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муҳандис-геофизики Хадамоти геофизикии Академияи улуми ҶТ Зӯҳро Нилобекова хабар дод, субҳи рӯзи якшанбе соати 4:28 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва […]

Меҳрангез Турсунзода


Бар асари заминларза, ки субҳи рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон рух дод, як нафар ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муҳандис-геофизики Хадамоти геофизикии Академияи улуми ҶТ Зӯҳро Нилобекова хабар дод, субҳи рӯзи якшанбе соати 4:28 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Дшанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил додааст. Дар минтақаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун қувваи он ба 4-5 балл баробар будааст.

Бино ба маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расидааст.

«Ҳамчунин дар ин минтақа тарқиши замин ба амал омада, якчанд манзили зист ва беш аз 20 сар чорвои хонагӣ зери замин фурӯ рафтаанд», – гуфт котиби матбуотии КҲФ ва МГ Наргис Нурова.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар рустои Лангараки ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт бар асари заминларза ярч фаромада, ду манзили зист ва дигар биноҳои ёрирасонро хароб сохтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.