Адвокат: Ҷӯраев воқеан ҳам дар озодӣ қарор дорад

Собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев воқеан ҳам дар озодӣ қарор дорад, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ӯ Бахтиёр Насруллоев, ки чанде қабл ба иҷрои ин вазифа оғоз кард. Адвокат таъкид кард, ки Ҷӯраев шахсан барои кӯмаки адвокатӣ ба ӯ муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи ӯ, макони будубоши Ҷӯраев ба хотири […]

Наргис Ҳамробоева


Собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев воқеан ҳам дар озодӣ қарор дорад, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ӯ Бахтиёр Насруллоев, ки чанде қабл ба иҷрои ин вазифа оғоз кард. Адвокат таъкид кард, ки Ҷӯраев шахсан барои кӯмаки адвокатӣ ба ӯ муроҷиат кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, макони будубоши Ҷӯраев ба хотири амнияти зерҳимояаш дақиқан махфӣ нигоҳ дошта мешавад. «Ман чанде қабл бо Ҷӯраев мулоқот доштам ва ӯ худро хуб ҳис мекунад. Айни замон аз ҷониби Агентии зиддифасод тафтишот ҷараён дорад, зеро ӯ асосан дар содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ айбдор карда мешавад ва аз ин ба баъд ман паҳлӯи зерҳимояи худ хоҳам буд», – зикр кард Насруллоев.

Номбурда таъкид кард, ки хешовандони Ҷӯраев низ хабардоранд, ки ӯ дар озодӣ аст. «Зерҳимояи ман изҳор кард, ки сарфи назар аз мавҷуд будани якчанд воситаҳои дигар, ӯ мустақилона ба ватан баргаштааст», – афзуд адвокат.

Дар ҳамин ҳол, Анна Ставитская, вакили мудофеи русиягии Ҷӯраев, ба ихтиёрӣ ба ватан баргаштани зерҳимояаш шубҳа дорад. Чанд рӯз пештар ӯ дар ин хусус бори навбатӣ ба созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал хабар додааст.

«Ман бовар надорам, ки Ҷӯраев ихтиёрӣ ба ватан баргашта бошад, зеро ӯ то охирин дам изҳори ташвиш мекард, ки дар ватан мавриди рафтори бераҳмонаву шиканҷа қарор мегирад. Ғайр аз ин, шиносномаи ӯ то ҳанӯз дар дасти ман аст. Чӣ тавр ӯ бидуни ҳуҷҷат ба ватан баргаштааст?», – иброз доштааст Ставитская.

Моҳи апрели соли равон радиои «Озодӣ» бо истинод ба директори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов хабар дода буд, ки собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев, ки ба таври асроромез дар тавқифгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ пайдо шуда буд, дар озодӣ ба сар мебарад.

Ф.Саидов иброз дошта буд, ки Н.Ҷӯраев айни замон дар озодӣ буда, ҷузъиёти айбҳои ба ӯ пешниҳодшуда аз ҷониби кормандони Агентӣ ва ВКД мавриди тафтишот қарор мегиранд.

Далели дар озодӣ қарор доштанашро баъдтар дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори Би-Би-Сӣ худи Ҷӯраев низ тасдиқ карда буд.

Н.Ҷӯраев таъкид сохтааст, ки то омадан ба ватан бо мақомоти тоҷик дар робита буда, онҳо амнияти ӯро кафолат додаанд. «Ман худам ихтиёрӣ ба ватан баргаштам, маро касе маҷбур накарда, ин ҳақиқат аст», – гуфта буд ӯ дар мусоҳиба ба хабарнигори Би-Би-Сӣ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми март пас аз озодӣ тоҷири дар Маскав нопадидшудаи тоҷик, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Душанбе пайдо шуд. Сипас тавассути телевизион суханронии ӯ намоиш дода шуд.

Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки гуноҳҳои худро эътироф менамояд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.