Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург бо ҳамтои русиягии худ, раиси Думаи Давлатии Русия Сергей Наришкин мулоқот кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, робитаҳои парлумонӣ, маориф ва бахши иҷтимоиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
«Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гидроэнергетика, сармоягузорӣ ва самтҳои гуманитариро мебояд ба сатҳи нав расонид», – иброз дошт Саидов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили танзими раванди муҳоҷирати корӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва таҳкими робитаҳои минтақаҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва кишварҳои узви ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербург сафар карда буд.



