Туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи футболи «Равшан»

Футболбозони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як автобуси дорои 45 ҷойи нишаст туҳфа гирифтанд. Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи футболи «Равшан» қаблан барои сафар автобус надошт ва ва барои равуо нақлиёт киро мекард. Директори техникии дастаи «Равшан» Акрам Ҳусейнов мегӯяд, соли гузашта зимни сафар ба Кӯлоб президенти Тоҷикистон ваъда […]

Аваз Юлдошев


Футболбозони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як автобуси дорои 45 ҷойи нишаст туҳфа гирифтанд.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи футболи «Равшан» қаблан барои сафар автобус надошт ва ва барои равуо нақлиёт киро мекард.

Директори техникии дастаи «Равшан» Акрам Ҳусейнов мегӯяд, соли гузашта зимни сафар ба Кӯлоб президенти Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ба дастаи «Равшан» автобус туҳфа мекунад.

Ҳусейнов таъкид кард, ки маҳз пас аз мулоқоти сарвари давлат бо варзишгарону намояндагони мақомоти масъули ин соҳа дар минтақа даста сарпарастони боэътимод пайдо намуд.

«Соли гузашта ба даста «Агроинвестбонк» маблағгузорӣ карда, соли равон ширкати «Фароз» ва бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа» сарпарастони дастаи «Равшан» мебошанд», – зикр кард А.Ҳусейнов.

Рӯзи 27-уми май дар вохӯрӣ бо дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Кӯлоб маросими расмии ба дастаи «Равшан» супурдани автобуси аз ҷониби сарвари давлат туҳфашуда баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова