Баррасии қонуни моратория ба санҷиши субъектҳои истеҳсолӣ дар Шӯрои парлумон

Имрӯз уми май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» баррасӣ шуд. Тавре аз хадамоти матуоти палтаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси […]

ASIA-Plus


Имрӯз уми май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» баррасӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матуоти палтаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов баромад намуда, изҳор дошт, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад.

Зикр гардид лоиҳаи ин қонун асосҳои ҳуқуқии мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва техникаю технологияҳои навинро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян намуда, тартиби татбиқи мораторияро муқаррар ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва рушди иқтисодиёти давлатро таъмин менамояд.

Дар  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин як қатор лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ва дигар лоиҳаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, дар Шӯро Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак», Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эътироф кардан ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражи хориҷӣ баррасӣ шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.